Дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуҳуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, санаи 28 декабри соли 2018 мудири бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашт Раҳимова Н. ва мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Конибодом Сироҷиддинзода М. дар барномаи Рӯ ба рӯ-и телевизиони вилояти Суғд иштирок намуда, вобаста ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баромад намуданд.
Ба он, дар масъалаи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бекоршавии ақди никоҳ ва пойдории оила, номгузорӣ ва гузаштан аз муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.