Қарори номгузорӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.06.2017 № 280, аз 02.03.2023 № 83)

 

   Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои татбиқи Феҳристи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Муқаррар карда шавад, ки номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

4. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳайат ва Низомномаи Комиссияи дар банди 3 қарори мазкур зикргардидаро дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.06.2017 № 280);

- ҳар сол номҳои тозаэҷодро барои ворид намудан ба Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи номҳои миллии тоҷикиро нашр намояд;

- Фарҳанги номҳои миллии тоҷикиро таҳия ва нашр намояд;

- дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои махсус Фарҳанги номҳои миллии тоҷикиро таблиғ намояд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ва Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро ҷудо намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 июли соли 2016 № 325

ш.Душанбе

 

Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 83)

Скачано с веб-сайта JooMix.org.