Омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи корӣ

  Санаи 19 январи соли 2024 дар толори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо мудир ва кормандони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҷаласа бо омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оғоз гардида, зикр карда шуд, ки Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола ба ҳамдигар тафовутҳои зиёд дошта, ҳамчун раҳнамо ва муждадиҳанда аз амалишавии ҳадафҳои дурнамо барои пешрафти зиндагии шоистаи мардуми кишвар равона мегардад. Дар идомаи ҷаласа нишондиҳандаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2023 мавриди таҳлил қарор гирифта, оид ба амалишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 ва вусъат додани корҳо дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати фарогирии бештари бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, амалӣ намудани корҳои эҳсонкорӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, инчунин риояи қонунгузории амалкунанда дар самти бақайдигирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳо дода шуданд.

 Сипас баъди натиҷагирӣ, пешниҳоди раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба мудир ва кормандони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.