Ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионӣ оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Санаи 25 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи шуъба бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии раёсати адлияи вилоят барои соли 2023 оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҷаласаи кориро сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода М. оғоз намуда,  мафҳуми коррупсияро тибқи қонунгузорӣ кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, маънидод намуд.

Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳо бояд тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт амалӣ гардад. Қайд гардид, ки принсипи асосии иҷрои Стратегия аз қонуният, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ошкорбаёнӣ, шаффофият ва истифодаи маҷмӯи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия иборат мебошад, ки дар доираи иҷрои банди 40 - и Стратегия чорабиниҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ тақвият бахшида шавад.Роҳбарияти шуъба дастур дод, ки иҷрои қонуну қарорҳои амалкунандаи соҳавӣ аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақвият дода, дар самти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 чораҳои зарурӣ андешида шавад.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.