Санаи 6 октябри соли 2023 дар бинои таълими Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон дар доираи иҷрои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. ва сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Н. бо донишҷуён вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Н. оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баромад намуда, донишҷуёнро барои бунёди оилаи солим даъват намуд. Мавсуф дар баромади хеш зикр намуд, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз оила ҳамчун омили асосии интиқолдиҳандаи нақшҳо ва симоҳои мадании байни наслҳо буда, дар иҷтимоишавии ҷомеа саҳми бузург дорад. Мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. баромадашро аз Истиқлоли давлатӣ, ки нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми кишвар мебошад, оғоз намуда, ҷавононро барои омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан талқин намуд. Сипас нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» расонида шуда, оид ба қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ андешаронӣ намуд. Зимни баромад меъёрҳои амалкунандаи моддаҳои 11-15 –и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартибу шартҳои никоҳ, синни никоҳӣ, ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ ва муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда, ҳамзамон талаботи моддаҳои 80-120 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба уҳдадории алиментдиҳии волидон ва фарзандон фаҳмонида шуд. Дар фарҷом ба донишҷуён оид ба иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ҳамзамон омухтани илм, истифодаи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, солими оила ва пешгирии омилҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, ки ҳамчун вабои аср ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуд.