Аёдати навбатии сарбозону афсарони Дидбонгоҳи сарҳадии «Чорқишлоқ»-и отряди сарҳадии «Исфара»-и Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар арафаи ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби роҳбарияти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара ба Дидбонгоҳи сарҳадии «Чорқишлоқ»-и отряди сарҳадии «Исфара»-и  Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо сарбозону афсарони Дидбонгоҳ мулоқот намуд. Зимни мулоқоту вохурӣ тамоми афсарону сарбозонро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба афсарону сарбозони шуҷоъ барои хизмати содиқона ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон барои комёбиҳо таманно кард. Дар хотимаи дидорбини барои афсарону сарбозон маводҳои озуқа дастар карда шуданд, ки аз ҷониби сардори Дидбонгоҳ барои аёдат миннатдории хешро ба роҳбарияти Вазорат баён намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.