Санаи 4 сентябри соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Зоҳидӣ Ф. ва кормандони бахш дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоати деҳот Хуршедзода П. бо омӯзгорону хатмкунандагони мактаб, кормандони соҳаи тиб, раисони маҳалла ва аҳолии ҷамоати деҳот вохурӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 анҷом дода шуд. Дар вохурӣ, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ба аҳолӣ расонида шуд.
Дар идома ба шаҳрвандон ҷиҳати қайди саривақтии кудакони навзод, худдорӣ намудан аз никоҳҳои бармаҳал, пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб (шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ дар фазои иттилоотии маҷозӣ ва бекоршавии ақди никоҳ) фаҳмонида шуд.Ба намояндагони ҷамоатҳои деҳот ва соҳаи тиб дар хотима барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати фарогирии қайди кудакони навзод, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ ва қайди ақди никоҳ бо роҳи усули “Гардиши хона ба хона” ва ба ҳамин роҳ беҳтар кардани нишондиҳандаҳо даъват ба амал оварда, дастурҳо дода шуд.