Семинар-машварат бо муҳосибони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят

Санаи 9 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят семинар-машварат бо муҳосибони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба татбиқи иҷро ва риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 доир гардид. Дар кори семинар-машварат сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода М. ва хазинадорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар семинар-машварат роҳбарияти шуъба оид ба татбиқи иҷро ва риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» андерашонӣ намуда, дастур дода шуд, ки   дар байни аҳолӣ корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ чораҳои муоссирро роҳандозӣ намоянд.

Дар идома хазинадори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Шамсиева М. оид ба интиқоли мабалғҳои муқарраргардида ба таври ғайринақдӣ дар суратҳисобҳои муайяншуда, пешниҳоди саривақтии санадҳои муқоисавии бонкӣдар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳия, ҳамкорӣ бо бонкҳо дар самти хизматрасониҳои давлатӣ ва мусоидат барои такмили инфрасохтори зарурӣҷиҳати қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба масъулин дастурҳои методӣ дода шуд. Ҳамзамон дар идома оид ба интиқоли саривақтии маблағҳои муқарраргардида ва пешниҳоди маълумотҳои омории ягона ба хазинадоронибахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят намунаи ҳисоботҳо дастрас карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.