Тибқи дастури Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. дар ҳамбастагӣ бо Раёсати адлияи вилоят санаи 16 апрели соли 2019 дар партави ҳидоятҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд ва таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 бо 120 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Чоркўҳ ва зиёда аз 60 нафар ҷавонони ҷамоати деҳоти Ворух вохурии судманд анҷом дода шуд.
Дар вохурӣ ба масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷумла бақайдгирии давлатии таваллуд, ақди никоҳ ва вафот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва аҳмияти он таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Инчунин зикр карда шуд, ки замони муосир масъалаи густариш ёфтани падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм ва зуҳуротҳои дигари ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда ҳамаи моро водор месозад, ки бораи иҷрои рисолати муқаддаси худ - тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардўстиву инсонпарварӣ заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон ҷой додан, дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расониданро талқин намоянд, ва ба қадри Истиқлолияти давлатӣ расанд, онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ шуморанд.
Дар вохурӣ вобаста ба ўҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, яъне ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоштан дар доираи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ тарѓиб карда шуда, инчунин оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ наздик ва роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.