Маҷлиси ҷамъбастии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара

Санаи 13 феврали соли 2018 дар бахши сабти асноди њолати шањрвандии шањри Исфара љамъбасти фаъолияти солона баргузор гардид. Ќайд гардид, ки аз аз тарафи бахши сабти асноди њолати шањрвандї ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот давоми соли 2017,  10 495 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла бақайдгирии давлатии таваллуд 5832 адад, сабти вафот 1030 адад, бақайдгирии давлатии аќди никоҳ 2248 адад, барқароркунии таваллуд 24 адад, барқарор намудани вафот 23 адад, бекоркунии аќди никоҳ 479 адад, муқаррар намудани падарӣ 302 адад, фарзандхондӣ 34 адад ва иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ 444 ададро ташкил додааст.

    Аз љониби масъулин дастур дода шуд, ки оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирӣ намудани бекоркуниҳои никоҳи шаҳрвандон, сари вақт ба қайд гирифтани кӯдакон, кам кардани никоҳҳои ғайрирасмӣ,  аз ҷониби кормандони масъул пайваста омӯхтан ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои соҳавӣ ва қонунҳои миллӣ, Барномаҳои давлатӣ дар ин самт љоннок намоянд. Диққати алоҳида ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва сохтани муҳити оштинопазир дар ин самт дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.