Вохўрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Қуҳистони Мастчоҳ

Санаи 12 июли соли 2019 доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо директори мактаб, имомхатиби масҷид ва сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистон Мастчоҳ вохурӣ анҷом дода шуд.

Дар рафти он, тарғибу иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, гузоштан ном ба фарзандон аз рўи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба аҳолӣ  фаҳмонида шуд. Зикр карда шуд, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароитҳои муосир моро водор менамояд, ки барои бунёди ҷомеаи навин ҳам чун як фарди диёр заҳмат кашида, ба ободи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Тренинги берун аз шаҳрӣ оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ

Санаҳои 18-21 июни соли 2019 дар истироҳатгоҳи Бонки миллӣ воқеъ дар шаҳри Гулистон вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”  тренинги берун аз шаҳрӣ мониторинг ва баҳодиҳии Нақшаи чорабиниҳо оид ба баландбардории савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирии давлатии саривақтии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ доир гардид.

Дар кори он намондагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғду Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ва Шоҳмансур иштирок доштанд.

Маҳфили «Оилаҳои беҳтарин»

Бо ташаббуси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят санаи 13 майи соли 2019 бахшида ба Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба муносибати Рўзи байналмилалии оила дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҳфили адабӣ-мусиқӣ бо оилаҳои беҳтарин доир гардид. Дар он оилаҳои беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Истиқлол ва Хуҷанд, ки ҳамзистии тулонӣ дошта, барои пешрафти ҷомеа солҳои зиёд хизмат намудаанд, иштирок доштанд. Дар чорабинии баргузоргардида муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н. иштирок намуда, табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин қироат карданд.

Оилаҳо аз фаъолияти рўзгори оиладории хеш қиссаҳо намуда, ҷавононро барои таҳаммулпазирӣ, нигоҳдори арзишҳои меҳварии фарҳангию таърихии инсон ва солимии оила,  беҳтарин хислатҳои одоби оиладорӣ дар раванди бедор намудани якдигарфаҳмии ҷавонон ҳидоят намуда, зикр намуданд, ки пойдории оилаҳои солиму қавӣ боиси барору комёбиҳои минбаъдаи аҳли ҷомеа мегардад.

Конфронси корӣ оид ба татбиқи намунаи таҷрибавии нав вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Санаи 26 апрели соли 2019 дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кўлоб конфронси корӣ оид ба татбиқи намунаи таҷрибавии нав вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ доир гардид.

Дар кори он муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Ш., намояндаи доимии БРСММ Пратибха Меҳта, муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, сипас аз ҷониби менеҷери Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон » Каримов Алишер вобаста ба татбиқи намунаи таҷрибавии нав оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин дар идомаи он аз ҷониби менеҷери лоиҳаи EPOS Елена Максименко ва мутахассиси лоиҳа оид ба технологияи иттилоотӣ баромад намуданд. Баъди баромади намояндагон дар конфронси корӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста ба мушкилиҳои мавҷуда дар кори система муҳокима гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.