Маҷлиси ҷамъбастии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара

Санаи 13 феврали соли 2018 дар бахши сабти асноди њолати шањрвандии шањри Исфара љамъбасти фаъолияти солона баргузор гардид. Ќайд гардид, ки аз аз тарафи бахши сабти асноди њолати шањрвандї ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот давоми соли 2017,  10 495 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла бақайдгирии давлатии таваллуд 5832 адад, сабти вафот 1030 адад, бақайдгирии давлатии аќди никоҳ 2248 адад, барқароркунии таваллуд 24 адад, барқарор намудани вафот 23 адад, бекоркунии аќди никоҳ 479 адад, муқаррар намудани падарӣ 302 адад, фарзандхондӣ 34 адад ва иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ 444 ададро ташкил додааст.

Нишасти матбуотӣ

  Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 23 январи соли 2018 шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш  ва кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 02 феврали соли 2018 нишасти матбуотӣ дар толори шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729 зиёда бо 24 намояндагони васоити ахбори омма баргузор гадид. Аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муқаддам Ҳошимзода нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, ба намояндагони васоити ахбори оммаро аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  махсусан дар соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ  оварда шуд.  

Вохўри бо ҷавонон оид ба маърифати оиладорӣ дар шаҳри Конибодом

   Сирри асосии хушбахтии оилавӣ дар чист? Зан дар оила чӣ вазифаву уҳдадориҳо дорад? Мард чӣ? Чаро оилаҳо барҳам мехӯранд ва барои пешгирии он чӣ бояд кард?  Оиладорӣ аз ҳар фард чиҳоро тақозо мекунад? Ин ва дигар масъалаҳо зимни машварати навбатӣ санаи 24 октябри соли 2017 дар тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом сурат гирифт. Ин тадбир аз ҷумлаи он ибтикороти манфиатбахшест, ки  Соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон дар Љумњурии Тољикистан аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Конибодом ва мақомоти сабти асноди  ҳолати шаҳрванд роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинї пеш аз ҳама пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон дар бобати оила ва оиладорӣ, тавассути маслиҳату машваратҳои судманд, махсусан ҳидоят намудани навхонадорон мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.