Таърихи САҲШ

 

Таъсисёбии мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои бойгонӣ  дар вилояти Суғд

 

 Мувофиқи маълумотҳои дар қомуси «Хуҷанд» (энциклопедия «Хуҷанд») оварда шуда дар вилояти Суғд сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ асосан баъди ба империяи подшоҳии Рус ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст.

Соли 1866 шаҳри Хуҷанд ба ҳайати Русияи подшоҳи дохил гардид. Ин ҳодисаи таърихӣ дар шумораи аҳоли ва ҳайати этникии он дигаркунии зиёдро ба амал овард. Ба шароити корҳои бурдаи амалдорони рус дар самти муайян намудани шумораи аҳолӣ, ҷои истиқомат, милату ҷинс касбу кор мансубияти динӣ маълумоти одамон ва ғайра то замони мо маълумотҳои нисбатан дақиқ омада расидаанд.

Маротибаи нахуст сардори аввалини уезди Хуҷанд палковник А.А.Кушайевич дар охири солҳои 60-уми асри XIX (19) ба ҳисоби миёна айни ҳол он соҳили Сирро ба ҳисоб даровард. Аз рӯи ин баҳисобгирӣ он вақт дар Хуҷанд 17,9 ҳазор нафар одам умр ба сар мебурд.

Соли 1800 капитан Л.Ф.Костенко дар баҳисобгирии аҳолӣ усули навро ба кор бурд ин навбат бо роҳи пурсиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ шумораи сокинони шаҳр ба ҳисоб гирифта шуд, ки 28,8 нафарро ташкил медод.

Соли 1897 дар саросари Империяи подшоҳии Рус ба рӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин чорабинӣ албата дар қисмтҳои ба русия ҳамроҳ кардашудаи вилояти имрӯзаи Суғд низ доир гардид.

Дар маъракаҳои барӯйхатгирию ҳисобгирии минбаъда маълумотҳо дар хусуси аҳолӣ бештару дақиқтар мешуданд. Масалан, аз рӯйи маводхои ревизияи сенатор К.К.Пален чанднафарӣ ба кадом касбу кор машғул будани одамон низ муайян карда шудааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сабти асноди холатҳои шаҳрвандӣ дар ибтидои асри XIX (19) пурра ба танзим дароварда, дар оғози ин кор аз ҷониби калисо (ӣерковҳ)-ҳо анҷом дода мешуд.

Баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр ва барпо шудани ҳокимияти Шӯравӣ шуъбаҳои ЗАГС (САҲШ) пайдо шудаанд.

Чуноне маълум аст генирал губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим мешуданд. Ҳар волост ба мисли ҷамоатҳои деҳоти имрӯза чандин минтақаи аҳолинишинро дар бар мегирифт.

Идораҳое, ки ба сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ машғул буданд, асосан ҳолатҳои таваллуд, вафот ақди никоҳу бекоркунии он ва ивази ному насабро бақаӣд мегирифтанд. Аз рӯи китобҳои мавҷуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки асноди хар як холати шахрвандӣ дар китоби алохида сабт мешуд. Вале, китобхои омехта низ мавчуданд.

Нахустин китоб оид ба сабти таваллуд, аз соли 1914 боқи монда «Метрическая книга Туркистанкой, духовной марманской серкви города Ходжента» ном дорад. 2-китоби дигар, ки сабти таваллудро то соли 1917 дар бар мегиранд, «Метрическая книга Туркистанского, духовного церковного селения Спаского Ходҷентского уезда» ва «Церковная метрическая книга» ном доранд. Ин худ далели он аст, ки сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ибтидо аз ҷониби муассисаҳои динӣ ба анҷом мерасид.

Аз соли 1920 сар карда китобҳо оид ба сабти таваллуд аз ҷониби шуъбаҳои ЗАГС-и кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо мураттаб шудаанд. Номи китобҳои омехта, ки маълумоти давоми солҳои 1910-1917-ро дар бар мегиранд, асосан «Церковы» ё церковного книга» аст. Аз рӯи онҳо маълум мешавад, ки ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла шаҳри Уротеппа ҳам колисоҳо амал мекарданд.

Ягона китоб оид ба қайди вафот соли 1914 ташкил шуда «Метрическая книга об умерших столоначалҳник» ном дорад. Баъди инқилоби Октябр амали мазкур аз ҷониби шуъбаҳои ЗАГС (САҲШ) ба роҳ монда шудааст, ки дар ҳайати кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамуданд. Бояд гуфт, ки дар замони Шӯрави китобҳо оид ба сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ сол ба сол тартиб дода шудаанд.

Китобҳои мукаммал оид ба ақди никоҳу бекоркунии он ва ивази ному насаб асосан баъди солҳои 20-уми асри гузашта тартиб дода шудаанд. Вобаста ба ҳар сол китоби алоҳида ташкил шудааст.

Чуноне болотар қаӣд шуд, ба ин кор баъ аз соли 1917 шӯъбаҳои САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машғул шудаанд.

         Китобҳои мавҷудаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ як ҷузи таърихи халқ ба ҳисоб мераванд. Агар онҳо аз соли 1910 то соли 1917 дар зери назорати колисо қарор дошта бошанд, давоми солҳои 1920-1958 дар бойгонӣ таҳти назорати Комиссириати халқии корҳои дохилӣ (НКВД), Вазорати корҳои дохилӣ (МВД) ва Вазорати бехатарии давлатӣ (КГБ) қарор доштанд. Оғоз аз соли 1958 то соли 2011 дар таҳти назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда ва аз моҳи январи соли 2012 то инҷониб таҳти назорати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Подкатегории

Подкатегории

Скачано с веб-сайта JooMix.org.