Семинари омӯзишӣ бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба таҳияи пишниҳод ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Санаи 19 августи соли 2023 бо мақсади иҷрои Нақшаи корӣ дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо иштироки роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинар оид ба омӯзиш ва таҳияи пишниҳод ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва амалиётҳои дигар оид ба сабтҳо доир гарид. Семинари омӯзиширо сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода М. ифтитоҳ намуда, дар қисмати аввали семинар масъулинро оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои хизматрасониҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳидоят намуда, дастур дода шуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва мусоидат барои такмили инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати қабули пардохтҳои ғайринақдӣ чораҳои амалиро тақвият диҳанд. Ҳамзамон дар идома ба роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки оид ба гардиши дурусти бланкҳои ҳифзаш қатъӣ, риояи коргузорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо, беҳтар кардани нишондиҳандаҳо, вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корманду аҳолӣ, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ табирҳои бетаъхир андешанд.

 

 

Дар қисмати дуюми семинари омӯзишӣ, мутахассиси пешбари шуъба Нарзизода Ф. вобаста ба омӯзиш ва таҳияи пишниҳод ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» суханронӣ намуда, масъулинро барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат, ҳамзамон барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқӣ ва ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқӣ талқин намуд. Ҳангоми омӯзиш аз ҷониби роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо назардошти пешрафти илму техника ва ҷомеаи имрӯза вобаста ба масъалаю муаммоҳои ҷойдошта, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидааст, фикру ақидаҳои худро баён доштанд. Масъулини шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаю муаммоҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлил қарор дода, хулосаҳои хешро дар шакли пешниҳод ба хотири мукаммал намудани қонунгузории соҳа, ҳалли мушкилиҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва содда намудани раванди дастрасӣ ба хизматрасониҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ баён намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.