Тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Панҷакент

   Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оила ҳамчун рукни асосии сиёсати илмию фарҳангии роҳбарияти олӣ ва ҳукумати кишвар эътироф гардидааст. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ ва кулли ҷомеаро тақозо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдориву мустаҳкамӣ ва ваҳдати оилавиро асоси рушди ҷомеа муаррифӣ менамоянд. Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола санаи 15 май дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладорӣ, баҳри пойдориву устувории оила ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Санаи 13 майи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар тарабхонаи "Меҳру муҳаббат" - и шаҳри Панҷакент чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони " Оилаи солим-ҷомеаи солим" бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода ва дигар меҳмонон бо руҳияи баланди идона доир гардид.

   Дар чорабинӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, бо касбу ҳунар фаро гирифтани ҷавонон, пошхурии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии падидаҳои манфӣ баромад намуд. Дар идома, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода пиромуни сабабҳои ба миён омадани нофаҳмиҳо дар оила, хушунатҳои оилавию таъсири он ба ҳолати равонии кӯдакон ва қайди саривақтии бақайдгирии давлатии таваллуд, вафот ва ақди никоҳ суханронӣ карда, ҳамагонро ба пойдорию солими оила ҳидоят намуд. Баъди суханрониҳо, маросими тантанаи бақайдгирии давлатии ақди никоҳи 10 ҷуфт оилаҳои ҷавон гузаронида, ба онҳо шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва ба 20 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаҳои таваллуд бо туҳфаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Инчунин дар доираи ҷамъбасти озмуни оилаи беҳратин, ба 15 оилаҳои баруманди шаҳри Панҷакент Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва тӯҳфаҳо дар фазои тантанавӣ супориданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суруду таронаҳои дилнавози санъаткорон, ҳамчунин рақсҳои зебои устоди санъат Хайри Ватанова хотири меҳмононро шод ва фазои чорабиниро рангин намуд. Пас аз анҷоми чорабинӣ, меҳмонон аз Муассисаи давлатии Хона - интернати ҷумҳуриявии барои пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент дидан намуда, бо оростани дастархони идона ва тӯҳфаҳо хотири бошандагонро шод намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.