Субҳи 12 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои якчанд ҳуҷраҳои корӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Идораи нотариалии давлатӣ, ёрии ҳуқуқӣ, толорҳои равзани ягона ва барои гузаронидани маросими тантанаи ақди никоҳи навхонадорон, инчунин таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва қонуну дастурҳои соҳавӣ гирд оварда шудааст. Бинои мазкур бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам оварда шудааст. Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамовардашуда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бинокориву сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандону мутахассисони мақомоти адлияро дар самти татбиқи қонунгузорӣ, хизматрасониҳои босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи маърифати оиладорӣ ҳидоят намуданд.