Манъи баргузории тӯю маърака

 Санаи 3 июни соли 2020 бо сохторҳои мақомоти давлатӣ дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 барномаи Рӯ ба рӯ дар телевизиони вилояти Суғд ба таври  мустақим пахш гардид. Дар он мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нарзизода Фараҳманд, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Рустамзода Сӯҳроб, ходими дини вилоят - номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ва Директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Хоҷаева Зуфнуна Олимовна иштирок дошта, ба саволҳои сершумори шаҳрвандон посух доданд.

  Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар асоси дастур ва Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо назардошти вазъияти кунунӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ коронавирус (COVID-19) баргузор намудани ҳама гуна тӯю маърака, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ муваққатан манъ гардидааст.

 Ба шаҳрвандон маълум аст, ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун қонуни мардумӣ 8 июни соли 2007 таҳти рақами 272 қабул шудааст. Тайғироту иловаҳои охирон ба қонун  28 августи соли 2017, таҳти рақами 1461 ворид гардид. Қонун аз 5 боб ва аз 16 модда иборат аст.

 Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзу гиромидошти анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маърака ва расму оинро дар кишвар ба низоми қонун даровард.

 Ин қонуни мардумӣ пеш аз ҳама  дар коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум, алалхусус мардуми камбизоат, серфарзанду муҳтоҷ нақши муассир гузошт ва аз ташаббусҳои некбинонаи Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии арзандаи ҳар сокинони кишварамон мебошад.

    Бинобар ин аз шаҳрвандон ва маъмурияти тӯйхонаву тарабхонаҳо даъват ба амал меоварем, ки баҳри саломатии худ ва аҳли оила, хешовандону ба тӯй даъватшавандагон аз баргузор намудани ҳама гуна тӯю маърака то ба эътидол омадани вазъи бемории сироятӣ худдорӣ намоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.