Аёдати Рамазонӣ

    Масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ва шуъбаи Хонаи ақди никоҳ санаи 30 апрели соли 2020, дар даҳаи якуми моҳи мубораки Рамазон - бошандагони муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кудаки шаҳри Хуҷандро аёдат намуданд. Тавре, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии қонунгузор таъкид намуданд, ки дар оянда ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахўрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

   Дар ҷараёни аёдат, ба 47 нафар бошандагон лавозимоти тиббӣ ва маводҳои санитарӣ-гигиенӣ аз қабили 50 кг гипохлориди (Са), маҳлулҳои антисептикӣ, собуну дастпӯшакҳо бо ниқобҳои тиббӣ супорида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.