Дар шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба иҷрои Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузор, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораии забонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаи имлои забони тоҷикӣ” ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандон бо иштироки мудири кафедраи забони тоҷикии факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Ю. мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он, мутахассиси пешбар Нарзизода Ф., мутахассис ва нозир коргузорони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, мудири шуъбаи Хонаи ақди никоҳ Раҳимӣ Ф., мудири шуъба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Ҷумазода М. ва мутахассисону кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.
Боиси сарфарозист, ки яке аз дастуроти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироагардида, ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии аҳолӣ буда дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волояти қонун нақши бузургро дорад.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки “Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем”.
Сараввал мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ мебошад.
Мутахассиси соҳаи забон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Ю. роҷеъ ба масъалаҳои танзим ва такмили қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, мавқеи забони давлатӣ дар бахши ниёгон ва фарҳанги миллати тоҷик, қоидаҳои имло, асосҳои таърихии пайдоиши алифбои тоҷик, ҳарфу овозҳои тоҷикии арабӣ ва русиасос маълумотҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки имлои забони тоҷикӣ дар даврони истиқлоли кишвар ду маротиба - дар солҳои 1998 ва 2011 дар таҳрири нав таҳия гардида, охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон 4 аз октябри соли 2011, №458 тасдиқ гардидааст. Ҳарчанд аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» он қадар муҳлати зиёд нагузашта бошад ҳам, ҳамоно дар матбуот ва баъзе нишастҳои расмӣ баҳсу андешаҳо атрофи он идома доранд. Инчунин дастурот доир ба гиромидошти забон, арзишманд будани мавқеи забони тоҷикӣ дар қатори 10 забонҳои дигари машҳури дунё пешниҳод гардид. Ҳамзамон муаммоҳои вобаста ба таҳияи нодурусти матнҳои тоҷикӣ баён карда шуд, ки на ҳама вақт калимаҳо дар шакли танҳо ва ҷамъ дуруст истифода карда мешаванд, талаффузу навишти онҳо низ бояд бо риояи қоида ва меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ сурат гирад. Аз ҷумла, фарҳанги навишт ва талаффузи калимаҳо дар шакли ҷамъу танҳо ба монанди мактаб-макотиб, ҳодиса-ҳаводис, мақом-мақомот, хабар-ахбор, масъала - масоил ва ғайраҳо оварда шуд.
Мавсуф ба мутахассисони соҳа аз таърихи забони тоҷикӣ ва татбиқу риояи он тавсия дода зикр намуд, ки марҳилаҳои инкишофи забони тоҷикӣ аз асрҳои 9-10 эътироф шудааст ва ин ба раванди ташаккули халқӣ тоҷик сахт вобаста аст. Қайд карда шуд, ки аз худ кардани қоида ва меъёрҳои забон, маҳфуз доштани он ҳам чун дурдонаҳои арзишманди фарҳанги мардум барои ҳама соҳибзабонон амри воҷиб аст.
Ба ин маънӣ, забон ба халқ тааллуқ дорад, халқ офаридгор ва соҳиби забон мебошад. Ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогириву эҳтироми он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста буда, ҳифзу фарогирии ин сарвати бебаҳои миллат барои аз худкунии дигар забонҳо мусоидат мекунад, замина мегардад.
Ёдовар карда шуд, ки тафаккуроти волову пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мақомотҳои давлатӣ имрӯзҳо коргузорӣ бо забони давлатӣ сурат гирифта истодааст, ки он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мустаҳкам шудааст.
Ҳазамон дар вохурӣ тарзи навишти дурусти калимаҳо ва имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа бо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Ю. суолу ҷавоб сурат гирифт.