Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар ноҳияи Деваштич

Санаи 21 августи соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич, бинои Маркази адлия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои мазкур аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дорои якчанд ҳуҷраҳои корӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ, толорҳои равзани ягона ва барои гузаронидани ақди никоҳи навхонадорон, инчунин таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.  Ҳамзамон бинои мазкур бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам оварда шудааст.

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд ва шароитҳои фароҳамомада ба масъулину кормандон баҳри хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории асноди ҳолати шаҳрвандию нотариалӣ, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/ru/news/188-devashtichsahsh082019.html#sigProGalleriad16ee2dbd4
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.