Мизи мудаввар бо кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Бо ғамхориҳои доими Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2014, №21 тасдиқ гардидааст, санаҳои 15-16 июли соли 2019 аз ҷониби эксперти миллии Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон » Ҳайдарова Ш.  ва эксперти ҳамин лоиҳа Бекназарова Г. бо кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мизи мудаввар доир гардид.

 Дар кори он масъулини шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Хонаи ақди никоҳ иштирок дошта, ба онҳо масъалаи татбиқи Лоиҳаи  «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон » ва системаи иттилоотии CROIS2 вобаста ба ҷамъоварии иттилоот, таҳия ва таҳлили амалияҳои татбиқшаванда барои бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо истифода аз системаи иттилоотии CROIS2 фаҳмонида шуд. Инчунин мушкилотҳои ҷойдоштае, ки бо татбиқи амалҳои система алоқаманданд аз ҷониби мутахассисони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят пешниҳод гардид.

      Бозомўзии кормандон дар доираи ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои кор дар системаи идоракунии автоматикунонӣ замина гузошта истодааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.