Санаи 6 – уми феврали соли 2024 дар тарабхонаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара бо фаъолону сокини деҳа мулоқоту вохурӣ анҷом дода шуд, ки дар он муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Фирӯза Зоҳидӣ ва дигар роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд. Дар вохурӣ, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Фирӯза Зоҳидӣ суханронӣ намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронид.
Тақвият бахшидани корҳо дар самти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Санаи 31 январи соли 2024 дар толори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд вобаста ба баррасии пешниҳод ва иҷрои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоҳқурбониён Беҳрӯз Сайфулло пешниҳодро мавриди муҳокима қарор дода, барои роҳ надодан ба кирдори коррупсионӣ масъулинро огоҳонид. Ӯ дар идома оид ба тақвият бахшидани корҳо дар самти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 андешаронӣ намуда, иброз намуд, ки Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи корӣ
Санаи 19 январи соли 2024 дар толори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо мудир ва кормандони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҷаласа бо омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оғоз гардида, зикр карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола ба ҳамдигар тафовутҳои зиёд дошта, ҳамчун раҳнамо ва муждадиҳанда аз амалишавии ҳадафҳои дурнамо барои пешрафти зиндагии шоистаи мардуми кишвар равона мегардад. Дар идомаи ҷаласа нишондиҳандаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2023 мавриди таҳлил қарор гирифта, оид ба амалишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 ва вусъат додани корҳо дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати фарогирии бештари бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, амалӣ намудани корҳои эҳсонкорӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, инчунин риояи қонунгузории амалкунанда дар самти бақайдигирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳо дода шуданд.
Семинари дастурдиҳӣ дар мавзуъи «Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бояд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ гардад»
Санаи 9 – уми декабри соли 2023 дар маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят семинари дастурдиҳӣ дар мавзуъи «Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бояд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ гардад» доир гардид. Дар семинари дастурдиҳӣ мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳоалти шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Фараҳманд суханронӣ карда, оид ба иҷро ва риоя қонунгузории амалкунанда, иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва бартараф кардани камбудиҳо андешаронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар карда шудааст.
More Articles...
- Пойдории оила-Муҳаббат аст!
- Ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионӣ оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
- Тақдими шаҳодатномаҳои ройгон ба кудакони навзод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонун асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин аст