Аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0214 – и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1302

 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият, санаи 6 сентябри соли 2023 дар арафаи ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодирӣ Мутриба барои аёдати сарбозону афсарон ба қисми ҳарбии 0214 –и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба онҳо маводҳои хурока ва шириниҳо дастрас намуда. Зимни вохурӣ, сарбозону афсаронро бо ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои иҷрои рисолат хеш бурдбориҳо таманно намуданд.