Санаи 4 сентябри соли 2023 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат ва Нақшаи чорабиниҳои раёсат ҷиҳати беҳтар кардани нишондиҳандаҳои соҳа бо масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти он ҷаласаи корӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа, тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», иҷро ва риояи қонунгузории соҳа, таъмини дастуру супоришҳо, беҳтар кардани нишондиҳандаҳо ба ҳар роҳи усулҳои гуногун, риоя ва назорати гардиши бланкҳои ҳифзаш қатъӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва тақвияти фаъолият дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳо дода шуданд.
Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад
Санаи 4 сентябри соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Зоҳидӣ Ф. ва кормандони бахш дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоати деҳот Хуршедзода П. бо омӯзгорону хатмкунандагони мактаб, кормандони соҳаи тиб, раисони маҳалла ва аҳолии ҷамоати деҳот вохурӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 анҷом дода шуд. Дар вохурӣ, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ба аҳолӣ расонида шуд.
Аёдат дар ноҳияи Ашт
Ҳамасола чун анъана дар муассисаҳои таҳсилоти оливу касбӣ ва миёнаи ҷумҳурии азизамон санаи 1 сентябр – Рӯзи дониш бо оғози дарси сулҳ ва ҷамъомади идона бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад. Субҳи имрӯз дар арафаи Рӯзи дониш баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Маҳмудзода Т. ба Интернат №1-и назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ашт дидан карда, ба тарбиятгирандагон ашёи хониш ва маводҳои озуқа дастрас намуд. Намояндаи Интернат аз иқдоми наҷибона хушнуд гардида, изҳори сипоси хешро ба роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шиори мост!
Санаи 24 августи соли 2022 дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 бо аҳолии ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара вохурӣ перомуни шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022, риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586, муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, никоҳҳои бармаҳал, бекор кардани ақди никоҳ, манъи никоҳи хешовандон ва қайди саривақтии кудакони навзод вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Зоҳидӣ Ф. вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 суханронӣ намуда, моҳияти Паёмро ба сокинон фаҳмонид.
Семинар-машварат бо муҳосибони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят
Санаи 9 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят семинар-машварат бо муҳосибони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба татбиқи иҷро ва риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 доир гардид. Дар кори семинар-машварат сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода М. ва хазинадорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар семинар-машварат роҳбарияти шуъба оид ба татбиқи иҷро ва риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» андерашонӣ намуда, дастур дода шуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ чораҳои муоссирро роҳандозӣ намоянд.
Семинари омӯзишӣ бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба таҳияи пишниҳод ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Санаи 19 августи соли 2023 бо мақсади иҷрои Нақшаи корӣ дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо иштироки роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинар оид ба омӯзиш ва таҳияи пишниҳод ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва амалиётҳои дигар оид ба сабтҳо доир гарид. Семинари омӯзиширо сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода М. ифтитоҳ намуда, дар қисмати аввали семинар масъулинро оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои хизматрасониҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳидоят намуда, дастур дода шуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва мусоидат барои такмили инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати қабули пардохтҳои ғайринақдӣ чораҳои амалиро тақвият диҳанд. Ҳамзамон дар идома ба роҳбарони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки оид ба гардиши дурусти бланкҳои ҳифзаш қатъӣ, риояи коргузорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо, беҳтар кардани нишондиҳандаҳо, вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корманду аҳолӣ, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ табирҳои бетаъхир андешанд.
Page 5 of 18